Феврал 23, 2019 13:53 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи артиши Покистон сатҳи ҳамкориҳо бо Эронро бисёр олӣ донист

Сухангӯи артиши Покистон гуфт, Исломобод барои тақвияти амнияти марзҳои муштарак бо Эрон, ҳамкориҳои бисёр олӣ дар тамоми сутуҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад.

Ба гузориши ИРНА, сарлашкар Осаф Ғафур рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар мақари фармондеҳии артиш дар шаҳри Ровалпиндии Покистон афзуд, Эрон ва Покистон бо ҳамкории якдигар амнияти марзҳои муштаракро таъмин мекунанд.

Сухангӯи артиши Покистон афзуд, мавзӯи масоили марзии Покистон ва Эрон ҳеҷ шабоҳате бо масоили марзии мо бо Афғонистон надорад ва Покистон аз марзҳои худ бо Эрон мутмаин аст.

Сарлашкар Осаф Ғафур зимни маҳкум кардани ҳамлаи террористии ахир дар устони Систон ва Балучистони Эрон гуфт, тарафҳои сеюме ҳастанд, ки ба нафъи Эрон ва Покистон амал намекунанд.

Сухангӯи артиши Покистон Эронро кишвари дӯст ва ҳамсояи Покистон донист ва афзуд, ояндаи равобити Эрон ва Покистон дар ҳавзаи низомӣ бисёр олӣ аст.

Чаҳоршанбеи 13 феврал як автобуси ҳомили марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷодаи Хош- Зоҳидон, дар устони Систон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯхаки террористӣ - такфирии Ҷайшуладл масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

 

 

Барчасп