Феврал 23, 2019 16:25 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Масири худкифоии Эрон мубориза бо истикбор ва қудратҳои бузург аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон талош дар масири худкифоиро гоме амалӣ дар мубориза бо истикбор ва қудратҳои бузург донист ва таъкид кард, ҳадафи таҳримҳо зидди Эрон, костан аз рушди фанноварӣ аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷамъи мудирони ширкатҳои донишбунён ва навофарини эронӣ дар Теҳрон афзуд, ширкатҳои донишбунёни эронӣ бояд аз таҳримҳо ба унвони фурсате барои рушди фанноварӣ истифода кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт, мубориза бо истикбор бо шиор собит намешавад, балки дар амал собит мешавад ва агар ширкатҳои донишбунён ниёзи кишвар ба хориҷ ва ғарбро қатъ ва кишварро худкифо кунанд, ин ҳамон мубориза бо қудратҳои бузург аст.

 Рӯҳонӣ афзуд, тавсеаи илму фанноварӣ бидуни марз аст ва кишварҳое, ки монанди Амрико барои ҳама чиз девор месозанд, ба муваффақият нахоҳанд расид.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон бо баёни ин ки қудратҳои бузург дар пайи фишор қарор додани Эрон дар заминаи дору ҳастанд, ибрози умедворӣ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оғози даҳаи панҷуми инқилоби исломӣ битавонад дар пешрафти илму дониш ва фанноварӣ дар минтақа ва ҷаҳон саромад бошад.

 

 

Барчасп