Дидори муовини вазири хориҷаи Венесуэла бо Зариф
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41978-Дидори_муовини_вазири_хориҷаи_Венесуэла_бо_Зариф
Рубен Дарио Молина, муовини вазири хориҷаи Венесуэла бо Муҳаммадҷаводи Зариф,  вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 24, 2019 21:08 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини вазири хориҷаи Венесуэла бо Зариф

Рубен Дарио Молина, муовини вазири хориҷаи Венесуэла бо Муҳаммадҷаводи Зариф,  вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дутараф дар бораи масоили дуҷониба, таҳаввулоти байналмилалӣ ва дахолатҳои Амрико дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла дахолат дар Венесуэла баҳс ва табодули назар карданд.

Хуан Гувайдо, 23 январи 2018 бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш, худро раисҷумҳури Венесуэла хонд иқдоме, ки давлат ва миллати Венесуэла онро кудато алайҳи Николас Мадуро, раисҷумҳури мунтахаби мардум баршумурданд.