Феврал 26, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб:  Ба Ҳимоят аз Сурия  ифтихор мекунем

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидор бо раисиҷумҳури Сурия гуфтанд, ҳимоят аз Сурияро ҳимоят аз муқовимат медонем ва ба он ифтихор мекунем.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, рамзи пирӯзии Сурия ва ба шикаст кашондани Амрико ва муздурони минтақаии онро истиқомати раисиҷумҳур ва мардуми Сурия ва пофишории онон бар муқовимат хонданд ва хотирнишон карданд,  Ҷумҳурии Исломии Эрон, кумак ба давлат ва миллати  Сурияро кумак ба ҳаракат ва ҷараёни муқовимат медонад ва аз самими қалб ба он ифтихор мекунад.

Image Caption

 

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истодагии содиқонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори миллат ва давлати  Сурия аз ҳамон ибтидои буҳрон, афзуданд,  Сурия бо истиқомат ва ҳамроҳии мардуми он, тавонист дар муқобили як эътилофи бузург аз Амрико, Аврупо ва муттаҳидони онҳо дар минтақа, истодагӣ кунад ва бо пирӯзӣ аз ин ҳодиса хориҷ шавад.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ, пирӯзии ҷараёни муқовимат дар Сурияро мӯҷиби асабонияти амрикоиҳо ва талоши онон барои тарроҳии тавтеаҳои ҷадид донистанд ва бо ишора ба намунае дар ин замина гуфтанд, масъалаи минтақаи ҳоил, ки амрикоиҳо дар Сурия ба думболи эҷоди он ҳастанд, аз ҷумлаи ин тавтеаҳои хатарнок аст, ки бояд бо қотеъият онро рад кард ва дар муқобили он истод.

Эшон барномаи амрикоиҳо барои ҳузури муассир дар марзи Ироқ ва Сурияро намунаи дигар аз тарроҳиҳои онҳо баршумурданд ва таъкид карданд, Эрон ва Сурия умқи роҳбурдии якдигар ҳастанд, ҳувият ва қудрати ҷараёни муқовимат вобаста ба ин иртибот, мустамар ва роҳбурдӣ аст, бар ин асос, душманон нахоҳанд тавонист нақшаҳои худро амалиётӣ кунанд.

Дар ин дидор, Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия бо таҷлил аз ҳимоятҳои бедареғи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кишвараш, гуфт,  ҷанги Сурия мушобеҳи ҷанги таҳмилии ҳаштсола алайҳи Эрон буд ва Ҷумҳурии исломӣ дар ин ҳодиса фидокорона дар канори мо буд.

 

Барчасп