Феврал 27, 2019 12:52 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати раиси ҷумҳурии исломии Эрон бо истеъфои Зариф

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон бо истеъфои Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи ин кишвар мухолифат кард.

Ҳасани Руҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар номае ба Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон зимни мухолифат бо истеъфои вай, пазириши истеъфои Зарифро бар хилофи салоҳиятҳои кишвар унвон кард.

Руҳонӣ афзуд, вазири умури хориҷаи Эрон дар хатти муқаддами истодагӣ дар баробари фишорҳои ҳамаҷонибаи Амрико қарор дорад ва муваффақиятҳои ин вазоратхона дар моҳҳои ахир дар муқобила бо тавтеъаҳои Амрико дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ қобили таваҷҷуҳ будааст.

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон, шодии душманони мардуми Эрон ҳамчун режими саҳюнистӣ аз истеъфои Зарифро беҳтарин гувоҳ ба муваффақият ва бузургтарин далел барои истимрори фаолияти вай дар симати вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон донист ва таъкид кард, бо қувват, шуҷоат ва дироят ба масири худ идома диҳед.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон душанбешаб дар саҳифаи Инстаграми худ навишт, ки аз симаташ истеъфо қардааст.

 

Барчасп