Ҳамовоии Шаҳроми Нозирӣ ва Давлатманд Холов бо “забони ишқ” дар Лондон
Ду хонандаи пуртарафдори форсизабон аз Эрон ва Тоҷикистон дар толори бузурги Барбикан дар Лондон барои нахустин бор овозҳои форсиро бо ҳам хонданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муштоқони садои Шаҳроми Нозирӣ ва Давлатманд Холов аз пуртарафдортарин хонандаҳои суннатии Эрон ва Тоҷикистон дар толори бузурги Барбикан дар Лондон, ки яке аз муҳимтарин ва бузургтарин марокизи фарҳангии Аврупо аст, шоҳиди ҳунарнмоии ин ду ҳунарманди барҷастаи овоз буданд.
Дар ин маросим, ки бо истиқболи бисёр густурдаи алоқамандон ба ҳунари мусиқӣ ва шеъри форсӣ баргузор шуд, барои нахустинбор рӯйи як саҳна навозандаҳои эронӣ ва тоҷикистонӣ бо созҳои мутафовит бо ҳам навохтанд
Ин консерт агарчӣ ба муносибати чанд рӯйдод, азҷумла рӯзи ҷаҳонии Забони модарӣ баргузор шуда буд, аммо муҳимтарин баҳонаи он оғози иҷрои тарҳи мавсум ба “забони ишқ” буд, ки аз сӯйи як муассисаи фарҳангии эронӣ барномарезӣ шудааст.
Тарҳи “забони ишқ” дар талош аст то нақши барҷастаи шоирони форсизабон дар кишварҳои мухталифро дар ҳифзи ҳувияти фарҳангии гӯяндагони ин забон барҷаста кунад