Феврал 27, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии амиқи Эрон аз афзоиши танишҳо байни Ҳинд ва Покистон

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон зимни ибрози нигаронии амиқ аз афзоиши танишҳо байни Ҳинд ва Покистон аз ду кишвар хост, ки бо риояти сабр ва хештандорӣ нисбат ба ҳалли мусоламатомези таниш иқдом кунанд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бор дигар зимни ибрози нигаронии амиқ аз мухотироти ношӣ аз афзоиши танишҳои марзӣ ва сафороии нерӯҳои низомии байни Ҳинд ва Покистон, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ин ду кишвари муҳим ва таъсиргузори ин минтақаи ҳассос аз ҷаҳон даъват мекунад, то бо лиҳоз кардани шароити печидаи минтақаӣ, ки то ҳадди бисёре барои афзоиши бесуботӣ, ноамнӣ ва мудохилаи хориҷӣ осебпазир ба назар мерасад, нисбат ба ҳалли мусоламатомез барои поёни таниши эҷодшуда иқдомоти лозимро ба амал оваранд.

Вай гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ду кишвари Ҳинд ва Покистонро ба хештандорӣ ва талоши ҳарчи бештар барои коҳиши таниш ва ҳалли мусоламатомези ихтилоф ва мушкилоти фимобайн аз тариқи гуфтугӯ фаро мехонад.

 

Барчасп