Феврал 28, 2019 16:27 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Эрон

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ҳузури вазири умури хориҷа ва раиси Созмони мероси фарҳангии саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон ва сафирони кишварҳои ҳавзаи сабти ҷаҳонии Наврӯз дар Бурҷи Милоди Теҳрон оғоз шуд.

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ҳамкории Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ ва Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Эрон баргузор шудааст ва сафирони Туркия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Покистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Ироқ дар он ҳузур доранд.

Ин маросим бо мавзӯи аҳаммияти фарҳангии сабти ҷаҳонии Наврӯз, ки намоди ҳамбастагии минтақаӣ ва нишон диҳандаи қудрати фарҳанг дар эҷоди ҳамдилӣ байни кишварҳост, баргузор шудааст.

Илова бар барномаҳои мутанаввеи фарҳангӣ, иҷрои гурӯҳҳои мусиқӣ аз кишварҳои Эрон, Афғонистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва паҳн кардани суфраҳои ҳафтсини кишварҳои ҳозир бо ҳадафи ошноӣ бо одоб ва суннатҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз барномаҳои ин маросим аст.

 

Барчасп