Феврал 28, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон: Бо султагарӣ сулҳ муяссар намешавад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, тафаккури мубтанӣ бар султа ва истифода аз силоҳҳои мухарриб, бояд ба тафаккури гуфтугӯ ва ҳамдилӣ табдил шавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯз панҷшанбе дар ҳамоиши ҷаҳонии Наврӯз дар Теҳрон афзуд, биёед ба ҳамаи дунё аз забони Эрон, аз забони сарзамини Наврӯз ва фарҳанги Наврӯз бигӯем бо султагарӣ, сулҳ фароҳам намешавад ва бо рафтор ва андешаи наврӯзии худ ба дунё нишон диҳем, даврони султагарӣ саромадааст.

Зариф афзуд, онон, ки ҳафт тариллиондоллар ҳазина кардаанд, шароиташон аз рӯзи аввал бадтар шуда, бидонанд агар 70 ё 700 тариллиондоллар ҳам ҳазина кунанд, шароит ҳамин аст. То замоне, ки напазиранд башарият як оянда ва мушкилоти муштарак бо роҳи ҳалли муштарак дорад, наметавонанд рӯи сулҳро бубинанд.

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ҳамкории Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ ва Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Эрон баргузор шуд. Сафирони Туркия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Покистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Ироқ дар ин маросим ҳузур доштанд.

 

Барчасп