Март 04, 2019 18:28 Asia/Dushanbe

Барномаи фарҳангии “Шаби Тоҷикистон” севуми март бо ҳузури адибон ва соҳибназарони тоҷикистонӣ ва эронӣ дар Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин барнома аз китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ”, навиштаи Сироҷиддини Эмомалӣ, донишманди тоҷик рӯнамоӣ шуд.

Ин китобро Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Тоҷикистон  дар муъассисаи  фарҳангии ЭКО  баргардон ва Заҳро Аслонӣ вероиши адабӣ кардааст.

Ҳамчунин дар ин маросим, ки бо шеърхонии шоирон ҳамроҳ буд, Шоҳмансури Шоҳмирзо сурудаҳои худро ироа кард.

 

Барчасп