Мақоми СММ: Эрон аз талоядорони ҳуқуқи башар дар минтақаи ғарби Осиё аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42233-Мақоми_СММ_Эрон_аз_талоядорони_ҳуқуқи_башар_дар_минтақаи_ғарби_Осиё_аст
Муовини комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Эронро яке аз талоядорон ва пешравони ҳуқуқи башар дар минтақаи ғарби Осиё донист ва гуфт, занони эронӣ бо фаъолият дар арсаҳои мухталиф, нақши пешрав ва раҳбарро ифо мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 06, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Мақоми СММ: Эрон аз талоядорони ҳуқуқи башар дар минтақаи ғарби Осиё аст

Муовини комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Эронро яке аз талоядорон ва пешравони ҳуқуқи башар дар минтақаи ғарби Осиё донист ва гуфт, занони эронӣ бо фаъолият дар арсаҳои мухталиф, нақши пешрав ва раҳбарро ифо мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кейт Гилмур, муовини комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Фарида Авлодқубод, раиси фраксиюни занони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва дигар аъзои ин фраксюн дар Теҳрон, бо баёни ин ки масоили ҳуқуқи башарӣ набояд сиёсӣ шавад, афзуд, дарки Созмони Милал дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон амиқтар шудааст.

Гилмур ҳамчунин исломҳаросӣ, табъизи асосёфта бар нажодпарастӣ ва иқдомоти якҷонибагароёнаро маҳкум кард.

Фарида Авлодқубод, раиси фраксюни занони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти мавзӯоти ҳуқуқи башарӣ дар ҷаҳон изҳор дошт, рӯйкарди Эрон, нигоҳе вижа ба занон ва ҳифзи каромати инсонии онҳо аст.

Авлодқубод ба таблиғоти муғризонаи расонаҳои бегона дар мавриди вазъияти занон ва ақаллиятҳои динӣ дар Эрон низ ишора кард ва афзуд, пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, занон дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ ҳузури муассир доштаанд.

Раиси фраксюни занони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба буҳронҳои Яман ва Миёнмор изҳор дошт, занону кӯдакон - қурбониёни ҷангафрӯзӣ дар Яман ва Миёнмор ҳастанд ва аз ин рӯ бояд ба вазъияти онон расидагӣ шавад.