Март 08, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҷабҳаи муқовимат нишонгари тавсиаи инқилоби исломӣ аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Ҳузури ҷабҳаи муқовимат нишонаи тавсиаи инқилоб, шикастани марзҳо ва расидан ба қуллаҳост.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо табрики вилодати имом Боқир (а) афзуд: Шиорҳои инқилобҳои дигари ҷаҳон аз ҷумла инқилоби Фаронса бо гузашти замон тағйир кард, аммо инқилоби исломии Эрон бо ҳамон аҳдоф ва шиорҳои аввалия ба масири худ идома медиҳад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳоҷуми фарҳангии душманон ба Эрон тасреҳ кард: Ҳавзаҳои илмия барои муқобила бо таҳоҷуми душман ба имони ҷавонон ва иффати бонувони Эрон, вазифаи хатире бар ӯҳда доранд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба баёнияи «Гоми дувуми инқилоб», ки аз сӯи Раҳбари муаззам инқилоби исломӣ содир шуд, низ ишора кард ва гуфт: Ин баёния маншаи таҳаввул ва ҷаҳиши ҷадиди инқилоби исломӣ хоҳад буд.

 

Барчасп