Раҳбари муаззами инқилоб: Имрӯз нигоҳи Ислом ба маҷмӯаи ҷумҳурии исломӣ аст
(last modified Sat, 09 Mar 2019 04:53:48 GMT )
Март 09, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Имрӯз нигоҳи Ислом ба маҷмӯаи ҷумҳурии исломӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки дар дунёи Ислом гароиш ба эҳёи Ислом ва ба зиндагии исломӣ ба маънои воқеӣ бисёр зиёд шудааст, таъкид карданд: “Имрӯз нигоҳи Ислом ба маҷмӯаи ҷумҳурии исломӣ аст”.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои муассисаи олии фиқҳ ва улуми исломӣ изҳор доштанд, мардуми тамоми кишварҳои исломӣ ва арабӣ чашмашон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки дунёи Ислом имрӯз ба ҳаракати инқилобии мардуми Эрон ниёз дорад, хотирнишон карданд, миллатҳое, ки аз тамаддунҳои моддии ғарбӣ ва шарқӣ сархурда шудаанд, дар ҳоли гароиш ба зиндагии исломӣ ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин ба аҳамияти масъалаи хонавода дар дини Ислом ишора карданд ва афзуданд, нақши ҳамсарон ва хонаводаҳо дар муваффақиятҳои мардон бисёр зиёд аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, агар чунончӣ ҳамсари инсон ҳамроҳ ва ҳамгому ҳамҳадаф ва ҳамсангар бошад, пешрафт хеле суръат хоҳад гирифт.