Март 11, 2019 08:31 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон зарурӣ аст

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон густариши равобит бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталифро хостор шуд.

Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Муҳаммадтақии Собирӣ сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба равобити наздики ду кишвар афзуд: Тоҷикистон кишвари дӯст ва ҳамсояи Эрон аст, ки собиқаи тамаддунӣ ва забони муштараке байни ду кишвар вуҷуд дорад.

Лориҷонӣ бо баёни ин ки густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи фарҳангӣ ва омӯзишӣ аз аҳамияти хоссе бархурдор аст, тасреҳ кард: Тавсиаи равобити ду кишвар дар тамоми сатҳҳо ба вижа иқтисодӣ зарурӣ аст.

Сафири ҷадиди Эрон дар Душанбе низ Тоҷикистонро кишваре муҳим барои густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Эрон донист.