Руҳонӣ, миллатҳои Эрон ва Ироқ аз лиҳози фарҳангӣ ва эътиқодӣ комилан муттаҳиданд
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб дар ҷамъи нухбагон, ашоир ва раҳбарони мазҳабии Ироқ дар Карбалои маъалло бо баёни инки миллатҳои Эрон ва Ироқ аз лиҳози фарҳангӣ ва эътиқодӣ комилан муттаҳиданд тасреҳ кард, ҳеҷ қудрате наметавонад ин уммати воҳидаро аз ҳам ҷудо кунад.
Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ ашоир ва ҳамаи мардуми Ироқро мизбонони бисёр хуб барои зоирони қабрҳои аимаи Ҳудо (а) бавижа дар рӯзҳои зиёрати арбаъини ҳусайнӣ донист ва гуфт, мардуми Ироқ бавижа Карбало мизбонии бисёр самимоне дар рӯзҳои арбаъини ҳусайнӣ (а) аз зоирон доранд.
Раиси ҷумҳури Эрон хотирнишон кард, эрониён сарзамини Карбалоро сарзамини ҷиҳод, шаҳодат, исор ва вафо медонанд.
Руҳонӣ асри сешанбе дар идомаи барномаҳои сафар ба кишвари Ироқ бо истиқболи устондори Карбало ва консули генералии Эрон дар Карбало вориди ин шаҳри муқаддас шуд.
Раиси ҷумҳури Эрон баъд аз вуруд ба Карбало ба зиёрати ҳарамҳои мутаҳҳар ва нуронии имом Ҳусайн (а), имоми севвуми шиъаёни ҷаҳон ва ҳазрати Абулфазлил Аббос (а), бародари бузургвори имом Ҳусайн (а) мушриф шуд.
Ҳасани Руҳонӣ субҳи рӯзи душанбе дар садри як ҳайъати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ барои анҷоми сафаре се рӯза вориди Бағдод шуд.
Руҳонӣ дар Ироқ токунун бо бисёре аз мақомот ва шахсиятҳои ироқӣ аз ҷумла Барҳам Солеҳ раиси ҷумҳур, Одил Абдулмаҳдӣ нахутвазир ва Муҳаммад Алҳалбуси раиси парлумони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Нахуствазири Ироқ душанбешаб дар нишасти хабарии муштарак бо Руҳонӣ бо таъкид бар инки Бағдод хоҳони беҳтарин равобит бо Эрон аст хотирнишон кард ироқиҳо дасти дустӣ ва бародарӣ ба самти Эрон ҳамсояи азизашон дароз мекунанд.
Абдулмаҳдӣ бо таҷлил аз ҳимоятҳои давлат ва миллати Эрон дар муборизаи мардуми Ироқ бо терроризми ДИИШ тасреҳ кард, Ироқ нисбат ба густариш, таъмиқ ва таҳкими ҳамаҷонибаи муносибот бо Эрон мусаммам аст.