Март 15, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи Теҳрон: Эрон, Амрикоро дар Ироқ ва Сурия шикаст дод

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Ба эътирофи ҳамагон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо тамоми қудрат тавтиаҳои Амрикоро дар Ироқ ва Сурия ноком гузошт ва Вашингтонро ба шикаст кашонд.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, бо баёни ин ки душман бо тамоми қудрат, фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон ҷорӣ кардааст, афзуд: Барои беасар кардани фишорҳо ва таҳримҳои зидди миллати Эрон бояд бо мудирияти дуруст ва басиҷи имконоти дохилӣ ба Амрико шикасти сангин таҳмил кард.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ба ҳузури ҳамосии миллати Эрон дар 22 баҳмани имсол (11 феврали 2019) ишора кард ва афзуд: Намоиши қудрати миллати Эрон дар 22 баҳман, тавтиаҳои душманони инқилоби исломиро ноком гузошт.

Имомии Кошонӣ ҳамчунин бо ишора ба судури «Баёнияи гоми дувуми инқилоби исломӣ» аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, гуфт: Мухотаби аслии ин баёния уммати ислом ва ҷавонони эронӣ ҳастанд, ки бояд бо ҷиҳод ва кӯшиши худ дар анҷом ва таҳаққуқи ин баёния дар 40 соли баъдӣ талош кунанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, ҳамла ба намозгузорон дар ду масҷид дар кишвари Нюзландро маҳкум кард ва гуфт: Ин иқдом нишон медиҳад, ки душманони уммати исломӣ залил ҳастанд.

Дар пайи ҳамлаи террористии имрӯз ба намозгузорон дар ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи нав 49 тан кушта ва беш аз 27 нафар захмӣ шуданд.