Тавофуқи Эрону Туркия барои густариши ҳамкориҳои илмӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42512-Тавофуқи_Эрону_Туркия_барои_густариши_ҳамкориҳои_илмӣ
Донишгоҳҳои Табрези Эрон ва Гебзе (Gebze)-и Туркия ба унвони масъули расидагӣ ба тавофуқоти илмии ду кишвар интихоб шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 17, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Туркия барои густариши ҳамкориҳои илмӣ

Донишгоҳҳои Табрези Эрон ва Гебзе (Gebze)-и Туркия ба унвони масъули расидагӣ ба тавофуқоти илмии ду кишвар интихоб шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, дар нишасти рӯзи якшанбеи Ҳасани Мандал, раиси Шӯрои илм ва фанноварӣ Туркия ва Ҳусайн Солори Омулӣ, қоиммақоми умури байналмилалии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар Табрез қарор шуд, Донишгоҳи Табрез аз Эрон ва Донишгоҳи Гебзе аз Туркия тавофуқоти илмии байни ду кишварро пайгирӣ кунанд.

Ҳимоят аз анҷоми тарҳҳои таҳқиқотии муштарак, табодули устоду донишҷӯ барои давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишию пажуҳишӣ ва устоди роҳнамои муштарак аз дигар мавзӯоти нишасти раиси Шӯрои илм ва фанноварии Туркия ва қоиммақоми умури байналмилалии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар Табрез буд.