Рӯҳонӣ: Ҳама барои сулҳу субот дар ҷаҳон талош кунанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ҳама бояд барои барқарории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон талош кунанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз пеш аз сафар ба Венесуэла, барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: "Шароити ҷаҳон ва минтақа, шароити муносибе нест ва сулҳ, мудохила накардан дар умури дохилии кишварҳо, эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва ҳамоҳангиву ҳамфикрӣ барои ҳалли масоили ҷаҳон дорои аҳамияти фаровон аст".
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, дастури кори иҷлоси Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар Венесуэла, ки бо ҳузури сарони 120 кишвари узв баргузор мешавад, сулҳ, ҳокимияти миллии кишварҳо ва ҳамбстагӣ аст.
Рӯҳонӣ ҳамчунин дар бораи ширкат дар ҳафтодуякумин иҷлоси умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт: "Мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот бо масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон дар ин иҷлоси байналмилал матраҳ хоҳад шуд".
Бар асоси ин гузориш, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони раиси давраии Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо, зимни суханронӣ дар иҷлоси сарони ин ҷунбиш дар ҷазираи Маргаритаи Венесуэла, раёсати давраи ҷадиди ин ҷунбишро ба ҳамтои венесуэлаияш таҳвил хоҳад дод.
Рӯҳонӣ пас аз поёни иҷлоси ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо, ба даъвати расмии раиси ҷумҳурии Куба, барои дидор ва музокироти дуҷониба ба Гавана, пойтахти Куба сафар хоҳад кард.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охирин марҳила аз сафари худ ба қораи Амрико, барои суханронӣ дар ҳафтодуякумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба Ню-Йорк меравад.