Март 19, 2019 09:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эрон дар намоишгоҳи байналмиллалии пушоки Қазоқистон

Бисту севвумин намоишгоҳи байналмиллалии пушоки Қазоқистон бо ҳузури тавлидкунандагони шонзда кишвар аз ҷумла Эрон дар шаҳри Алма-Ата оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Алма-Ата, дар ин намоишгоҳ тавлидкунандагони пушок аз кишварҳои Эрон, Олмон, Фаронса, Спания, Полша, Туркия, Юнон ва Малдови ва Қазоқистон, охирин тарҳҳо ва тавлидоти либоси худро дар маърази дид қарор додаанд.

Ҷаъфар Ҷаҳонпок мудири омили яке аз ширкатҳои эронии ҳозир дар намоишгоҳи пушоки Қазоқистон гуфт, барои нахустин бор аст, ки пушоки эронӣ дар ин намоишгоҳ ба амал омад қадами муҳимме барои содироти пушоки эронӣ бардошта шуд.

Намоишгоҳи байналмиллалии пушоки Қазоқистон ба муддати се рӯз то бистуми март доир аст.

 

Барчасп