Март 22, 2019 16:52 Asia/Dushanbe
  • Ханҷари аврупоиҳо бар пушти миллати Эрон дар моҷарои БАРҶОМ

Суханронии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззами инқилоб дар нахустин рӯзи соли 1398 хуршедӣ дар иҷтимои анбуҳи мардум дар ҳарами имом Ризо (а) аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ ва бозшиносии моҳияти Ғарб аз аҳамияти вижае бархурдор аст.

Яке аз нукоти муҳимми матраҳшуда дар суханони раҳбари муъаззами инқилоб, тарсими нақшаи роҳи расидан ба марҳилае бо субот аз тавони иқтисодӣ ва боздорандагии иқтисодӣ аст. Ишон амалисозии  ин ҳадафи роҳбурдиро ба қатъи умед аз кумак ва ҳамроҳии ғарбиҳо машрут донистанд ва хотирнишон карданд, таҷрибаҳои таърихӣ ва мушоҳидоти айнӣ аз рафтори ғарбиҳо нишон медиҳад, ки аз онон метавон интизори тавтеъа ва хиёнат ва аз пушт ханҷар заданро дошт аммо набояд кумак ва садоқат ва ҳамроҳиро интизор дошт.


Нуктаи муҳимми дигаре, ки мақоми муъаззами раҳбарӣ дар баёноташон бар он таъкид ва тамаркуз карданд "масоили ҷумҳурии исломӣ бо давлатҳои ғарбӣ" аст. Ишон дар ин замина ашхосеро, ки доиман таҳдидҳоро ба рухи миллат мекашанд, дониста ё нодониста таҳти таъсири раҷазхонӣ ё ҷанги равонӣ душманони Эрон хонданд ва бо баршумордани чанд намуна аз раҷазхониҳои душманон дар соли 97 хуршедӣ гуфтанд, ин ҳарфҳо ё бархоста аз ҳимоқат аст, ё хабосат ва ҷанги равонӣ ва ё ҳарду.

Бар асоси дидгоҳи бисёре аз марказҳои мутолиотӣ ва стратежики Амрико, ҷанги сахт дар баробар бо Эрон короӣ надорад ва чи басо Амрико дар ҷанги сахт бо Эрон дучори ҷанге фарсоишии дарозмуддат шавад, ки поёни муваффақиятомез барояш нахоҳад дошт. Марк Болмер яке аз стратежистҳои маъруфи амрикоӣ аст, ки аз ӯ ба унвони яке аз навоварони сиёсати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ном мебаранд, дар "гузориши Эрон-Амрико: раҳёфти нав" менависад, Эрон ба қудрате камназир табдил шуда, ки дигар наметавон бо юриши низомӣ ва ҷанги сахт онро сарнагун кард, балки танҳо роҳи сарнагунсозии низоми ҷумҳури исломӣ пайгирии меканизмҳои ҷанги нарм ва истифода аз текникаҳои амалиёти равонии таблиғотӣ бо истифода аз доктринаи набадри расонаӣ аст.

Аз дигар нуктаҳои муҳим дар суханронии раҳбари муъаззами инқилоб, ёдоварии рафторҳои дугонаи ғарб дар вокуниш ба терроризм, масоили марбут ба ҳуқуқи башар ва мавзӯъи истифода аз энержии ҳастаӣ аст. Ишон бо таъкид бар инки ҳукумати саудӣ бадтарин ҳукумати минтақа, мустабид, дектатор, золим, фосид ва вобаста аст, хотирнишон карданд, ғарбиҳо барои чунин ҳукумате имконоти ҳастаӣ ва марказиҳои тавлиди мушак фароҳам мекунанд зеро ҳукумати саудӣ вобаста ба онҳо аст.


Онгуна ки раҳбари муъаззами инқилоб ишора карданд дар қазияи БАРҶОМ низ миёни вазоифе, ки аврупоиҳо бар асоси тавофуқ баруҳда доранд бо ончи анҷом медиҳанд замин то осмон тавофут вуҷуд дорад. Ишон мавзӯъи эҷоди канали молӣ миёни Эрон ва Аврупоро низ бештар шабеҳи як шухии талх донистанд, ки ҳеҷ маъное надорад.


Аммо бо ҳамаи ин бозиҳои сиёсӣ-иқтисодии Ғарб, роҳ ва мақсади миллати Эрон рушан аст. Раҳбари муъаззами инқилоб аз ин дидгоҳ соли 1398 ҳиҷрии шамсиро "соли фурсатҳо" хонданд ва ба ишора ба эътирофи душманон ба бартарии дифоии Эрон таъкид карданд, тавоноӣ ва мушти муҳками ҷумҳурии исломӣ дар арсаи дифоӣ, дар воқеъ қудрати боздорандагии Эрон аст, ки дар сояи таҳримҳо ба даст омад ва дар масоили иқтисод низ метавон аз фурсати таҳримҳо, ба ҳамин тавоноии боздорандагӣ расид. 

Барчасп