Декабр 27, 2023 13:41 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз монеатарошии Ғарб дар қиболи эҳёи БарҶом

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена аз амалкарди Ғарб дар қиболи эҳёи БарҶом интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Михаил Улянов, намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена шомгоҳи сешанбе бо интиқод аз амалкарди Ғарб дар қиболи БарҶом гуфт, агар Амрико ва тройкаи аврупоӣ дар як соли гузашта монеъи эҳёи БарҶом намешуданд, ғанисозии уран дар Эрон акнун аз 3.67 дарсад убур намекард.

Гуфта мешавад, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар як гузориши иддаоӣ бо ишора ба афзоиши тавлиди урани ғанӣ шуда дар таъсисоти ҳастаии Фурду ва Натанз эълом кард, Эрон тавлиди урани ғанӣ шуда бо хулуси 60 дарсад дар қолаби гексафторидро ба ҳудуди 9 килограм дар моҳ, аз поёни ноябр афзоиш додааст.

Гуфта мешавад, Эрон ду сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом дар майи 2018 ва тааллули тарафҳои аврупоӣ дар амал ба тааҳҳудоташон дар ин тавофуқ, гомҳоеро таҳти назорати ожонс барои коҳиши тааҳҳудоташ бардошт то тавозун дар иҷрои ин тавофуқро барқарор кунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора таъкид кардааст, ки тадобири сурат гирифта баргашт пазир буда ва ҳарзамон, ки соири тарафҳо ба таври комил ба тааҳҳудоташон амал кунанд Эрон низ мутақобилан рафтор хоҳад кард.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БарҶом, дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.

 

Барчасп