Март 25, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Дастури омодабоши Рӯҳонӣ ба устондорон ва фармондорони саросари Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз шунидани гузориши муовини аввали худ дар бораи охирин вазъияти манотиқи селзадаи шимоли Эрон, дастури лозимро барои костан аз мушкилоти мардуми ин манотиқ содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар гуфтугӯ бо Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали худ, ки билофосила пас аз бозгашти Ҷаҳонгирӣ аз манотиқи селзада дар устонҳои Гулистон ва Мозандарон анҷом шуд, аз вай хост, ки бароварди ниҳоӣ аз мизони хисоратҳоро дар нахустин ҷаласаи ҳайати давлат дар соли ҷадид, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор мешавад, омода кунад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ҳамаи устондорон, фармондорон ва масъулони саросари Эронро муваззаф кард, бо ҳузур дар маҳалли хидматашон то поёни таътилоти наврӯзӣ, дар омодабоши комил бошанд ва зимни эҷоди иртибот ва ҳамоҳангӣ бо дигар дастгоҳҳои муртабит, тамоми тадорукоти лозимро барои мудирияти мушкилоти ношӣ аз вуқӯи эҳтимолии сел пешбинӣ кунанд.

Дар рӯзҳои ахир ба далели бориши идомадори борон дар манотиқи мухталифи Эрон, бахусус устонҳои Мозандарон ва Гулистон, Луристон ва Форс мардуми шаҳрҳо ва рустоҳои ин устонҳо бо мушкили сел ва обгирифтагии шадид мувоҷеҳ шуда ва хисорати бисёр дидаанд.

 

Барчасп