Паёмҳои таслияти сарони кишварҳо дар пайи вуқӯи сели ахир дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42721-Паёмҳои_таслияти_сарони_кишварҳо_дар_пайи_вуқӯи_сели_ахир_дар_Эрон
Сарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ирсоли паёмҳои ҷудогонае бо ибрози андӯҳ аз ҳодисаи ҷорӣ шудани сел дар Эрон ва куштаву захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми ин кишвар бо давлат ва миллати Эрон ҳамдардӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 27, 2019 12:30 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои таслияти сарони кишварҳо дар пайи вуқӯи сели ахир дар Эрон

Сарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ирсоли паёмҳои ҷудогонае бо ибрози андӯҳ аз ҳодисаи ҷорӣ шудани сел дар Эрон ва куштаву захмӣ шудани ҷамъе аз мардуми ин кишвар бо давлат ва миллати Эрон ҳамдардӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар сафҳаи “Твиттер”-аш бо ишора ба селҳои ахир дар Эрон эълом кард, ки кишвараш дар ин бурҳаи сахт омодааст, то дар канори миллати дӯсти Эрон ҳузур дошта бошад ва кумаки зарурии худро барои ғалаба бар паёмадҳои ин фоҷиа ирсол кунад.

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон ҳам бо ирсоли ёддоште ба вазорати умури хориҷаи Эрон, бо ҳодисадидагони сел дар манотиқи мухталифи Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Дар ин ёддошт омадааст: Туркманистон бо таваҷҷуҳ ба равобити дӯстона миёни ду кишвар, аз мардуми Эрон ҳимоятҳои бародарона хоҳад кард ва омодаи кумакрасонӣ дар ин замина аст.

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон низ дар паёме ҷон бохтани шуморе аз эрониёнро дар ҳодисаи сели ахир дар ин кишвар таслият гуфт ва бо ибрози андӯҳи амиқ аз ин ҳодиса, барои масдумони сели ахир шифои оҷил орзӯ кард.

Ҳамчунин Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия бо ирсоли паёме ба ҳамтои эрониаш таъкид кардааст: «Комилан итминон дорем, ки раҳбарӣ ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон қодиранд паёмадҳои ин фоҷиаро пушти сар гузошта ва бо ғалаба бар он, тамоми вайрониҳоро дубора бозсозӣ кунанд».

Башор Асад тасреҳ кардааст: «Инҷониб ба номи худ ва ба номи миллати араби Сурия бо шумо дар ин мусибат ҳамдардӣ мекунам ва раҳмати восеъаро барои қурбониён, сабр ва шикебоиро барои хонаводаҳои онон ва шифои оҷилро барои маҷрӯҳон аз даргоҳи Худованди баландмартаба масъалат дорам».

Сафирони кишварҳои мухталиф дар Эрон низ бо ирсоли паёмҳои ҷудогона зимни ибрози таассуф аз воқеаи сели ахир дар устонҳои мухталифи Эрон, омодагии кишварҳояшонро барои кумакрасонӣ ба ҳодисадидагон эълом карданд.