Март 28, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Захарова: Вашингтон ба ваъдааш барои хуруҷ аз Сурия амал кунад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба изҳороти рӯзи гузаштаи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико барои хуруҷи Русия аз Венесуэла эълом кард, ки Амрико ба ҷойи тавсия ба мо беҳтар аст ба тааҳҳудоти худ мабни бар хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Сурия амал кунад.

Мария Захарова афзуд: Амрикоиҳо қабл аз додани тавсия ба дигар кишварҳо барои хуруҷ аз ҷое, бояд ба ваъдаи худ барои хуруҷ аз дигар кишварҳо ба хусус Сурия амал кунанд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи гузашта пас аз дидор бо ҳамсари Хуан Гуайдо раиси ҷумҳурии худхондаи Венесуэла, хуруҷи низомиёни Русия аз Венесуэларо хостор шуд ва бо таҳдиди Маскав эълом кард, ки тамоми гузинаҳо барои хориҷ кардани Русия аз Каракас рӯйи миз аст.

Захарова дар идома давлатҳои ғарбиро муттаҳам ба риёкорӣ дар масъалаи Венесуэла кард ва гуфт: Онҳо иддао мекунанд, ки Каракас ниёз ба кумакҳои башардӯстона дорад, дар ҳоле, ки ҳисобҳои бонкии давлати Венесуэларо дар саросари ҷаҳон мебанданд.

Вай бо зери савол бурдани амалкарди бонкҳои ҷаҳонӣ дар Англия афзуд: Лондон таҳти фишори Вашингтон, муомилаҳои бонкии Венесуэларо мутаваққиф карда ва 30 миллиард доллар аз пули мардуми Венесуэларо ба яғмо бурдааст.

Венесуэла аз рӯзи 28 январ, ки Хуан Гуайдо раиси маҷлиси миллии ин кишвар дар хиёбонҳои Каракас худро раиси ҷумҳурии қонунӣ хонд, дучори буҳрони дохилӣ ва байналмилалӣ шудааст.

Амрико билофосила Гуайдоро ба унвони раиси давлати муваққат дар ин кишвар ба расмият шинохт ва хостори канорагирии Мадуро аз қудрат ва баргузории интихоботи зудҳангом шуд.

Мадуро Амрикоро ба роҳ андохтани ҷанги тиҷорӣ алайҳи ин кишвар ва талош барои эҷоди кудато ва барандозии низоми мавҷуд дар Каракас муттаҳам мекунад.

Дар тозатарин таҳаввулоти Венесуэла, ба тозагӣ Русия ва Чин ба иттифоқ, пешнависи қатъномаи Амрико алайҳи Венесуэла дар Шӯрои амниятро вето карданд.

 

Барчасп