Дархости хатиби ҷумъаи Теҳрон аз масъулон барои кумаки бештар ба селзадагон
(last modified 2019-03-29T13:54:00+00:00 )
Март 29, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Дархости хатиби ҷумъаи Теҳрон аз масъулон барои кумаки бештар ба селзадагон

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз масъулони эронӣ хост, хисорати селзадагонро ҳарчи сареътар пардохт кунанд.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷалиакбарӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҷорӣ шудани сел дар бархе аз устонҳои Эрон ва хисорати ҷонӣ ва молӣ барои теъдоде аз ҳамватанон, бар зарурати таваҷҷуҳи бештари масъулон ба умури селзадагон ва хисоратдидагон таъкид кард.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон дур шудан аз масоили ҳошияиро мӯҷиби шитоб ёфтан раванди кумакрасонӣ ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз осеби рӯҳӣ ва равонӣ ба афкори умумӣ, донист ва гуфт: Бояд мавзӯи имдоду наҷот ва расидагӣ ба хонаводаҳои осебдида дар авлавият қарор гирад.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷалиакбарӣ ҳамчунин дар остонаи 12-ум фарвардин (аввали апрел), Рӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин рӯзро рӯзи бошукӯҳ ва сарнавиштсоз донист ва бо табрики ин рӯз гуфт: Низоми Ҷумҳурии исломӣ, илҳомбахши миллатҳои дигар аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар хутбаи аввали намоз низ дар остонаи 27 раҷаб ва иди мабъаси ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), фиро расидани ин идро табрик гуфт ва мардумро даъват кард, то аз рӯзҳои боқимонда аз моҳи раҷаб беҳтарин баҳраро бибаранд.