Март 31, 2019 13:06 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳолати фавқулода дар устони Хузистони Эрон

Ба сабаби эҳтимоли ҷорӣ шудани сел дар устони хузистони Эрон, дар ин устон ҳолати фавқулода эълом шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломризо Шариатӣ устондори Хузистон дар ҷанубу ғарби Эрон гуфт: Бо эъломи ҳолати фавқулода дар устони Хузистон аз сӯи вазири кишвар, тамоми дастгоҳҳои узви ситоди мудирияти буҳрон муваззаф ҳастанд то поёни оддӣ шудани шароити селоб, мураххасии коркунони худро лағв намоянд.

Вай гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба боришҳои 24 соати оянда дар устонҳои болодасти Хузистон, ҳаҷмоварди селоб ба Хузистон афзоиш меёбад ва ба ҳамин далел эҳтимоли туғёни рӯдхонаҳои устон дур аз эҳтимол нест.

Алии Худододӣ мудири омили ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари устони Хузистон низ аз искони изтирории панҷ ҳазору 285 нафар аз шаҳрвандони манотиқи дар маърази хатари селоб хабар дод.

Ҷамол Оламии Нийсӣ фармондори Аҳвоз маркази устони Хузистон низ гуфт, амалиёти имдодрасонӣ ба рустоҳои дар маърази селоби ҳошияи рӯдхонаи Диз дар бахши марказии Аҳвоз дар ҳоли иҷро аст ва бо таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои қаблӣ, чандин русто дар ҳоли тахлия ҳастанд.

Дар пайи боришҳои бесобиқа дар рӯзҳои охир, чандин устони Эрон, аз ҷумла Гулистон, Мозандарон, Форс, Луристон, Хузистон ва Кирмоншоҳ дучори селоб ва обгирифтагӣ шуданд.

Бар асари ҷорӣ шудани сел дасти кам 45 тан ҷони худро аз даст доданд, садҳо тан масдум шуданд ва хисороти фаровоне ба зерсохтҳои шаҳрӣ ва заминҳои кишоварзӣ ворид шуд.