Апрел 03, 2019 15:57 Asia/Dushanbe
  • Баидинажод: Амрико натавониста барои селоби чанд иёлати худ роҳҳал биёбад

Сафири Эрон дар Англия бо интишори паёме дар Твиттер, иддаои вазири хориҷаи Амрико, ки ҳодисаи селро ба сӯимудирияти масъулони Эрон нисбат дода буд, шармовар хонд ва гуфт, Амрико натавониста барои селоби васее, ки як моҳ аст чанд иёлати бузурги Амрикоро дар баргирифта, роҳи ҳалле биёбад.

Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Англия афзуд, ин рӯзҳо расонаҳои форсизабони вобаста ба буҷаҳои давлати Амрико ва Англия, азҷумла “Би Би Си” –и форсӣ ва “Садои Амрико” ахбори сел дар Эронро муғризона пӯшиш доданд. Ин дар ҳоле аст, ки имрӯз аз раисҷумҳурӣ то вазирон ва фармондеҳони низомии Эрон ҳама дар канори мардум дар саҳна ҳузур доранд.

Сафири Эрон дар Англия гуфт, расонаҳои Амрико ҳанӯз аз мушкилоти ПортоРикои Амрико якуним сол баъд аз тӯфон мегӯянд, ки онро ҷазираи фаромӯшшуда номидаанд. Ҳанӯз мушкилоти обу барқ ва имконоти аввалияи мардум ҳал нашуда ва мардуми зиёде маҷбур ба тарки шаҳрҳои худ шудаанд. Орзуи мардуми ПортоРико танҳо омадани мақомоти давлатӣ барои мушоҳидаи мушкилоти онҳост.

Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико дар хабаре кизб муддаӣ шуд, Амрико омода аст то ба Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх кумак кунад, то пулҳо барои имдодрасонӣ дар ихтиёри Ҳилоли Аҳмари Эрон қарор гирад.

Муҳаммадҷаводи Зариф сешанбешаб дар Твиттер иддаои вазири хориҷаи Амрикоро беасос хонд ва гуфт, ҳамон тавр, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълом кард, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба сабаби таҳримҳои ғайриқонунии Амрико наметавонад кумаки молӣ дарёфт кунад.

 

 

Барчасп