Апрел 03, 2019 16:34 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба иддаои вазири хориҷаи Амрико

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иддаои вазири хориҷаи Амрико дар бораи кумак ба селзадагон дар Эрон посух дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф сешанбешаб дар Твиттер иддаои вазири хориҷаи Амрикоро кизб хонд ва гуфт, ҳамон тавр, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълом кард, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба сабаби таҳримҳои ғайриқонунии Амрико наметавонад кумаки молӣ дарёфт кунад.

Вазири хориҷаи Эрон бори дигар таъкид кард, Амрико бояд ба терроризми иқтисодии худ эътироф кунад.

Пеш аз ин Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико дар хабаре кизб муддаӣ шуд, Амрико омода аст то ба федератсияи байналмилалии Салиби Сурх кумак кунад, ниҳоде, ки пулро аз тариқи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон барои кумакрасонӣ мунтақил мекунад.

Бориши шадид ва камсобиқаи борон дар рӯзҳои ахир дар манотиқи мухталифи Эрон, боиси туғёни оби рӯдхонаҳо ва ҷорӣ шудани сел шудааст.

Дар пайи борандагиҳои шадид ва туғёни рӯдхонаҳо дар бархе манотиқи Эрон чанд нафар аз мардум ҷони худро аз даст додаанд ва чанд шаҳру русто зери об рафтааст.

 

 

 

Барчасп