Рӯҳонӣ: Ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои байналмилалӣ ба осебдидагон ҷинояти бесобиқа аст
(last modified Wed, 03 Apr 2019 16:21:51 GMT )
Апрел 03, 2019 21:21 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои байналмилалӣ ба осебдидагон ҷинояти бесобиқа аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ин ки аз вуруди кумакҳои хориҷӣ ба Эрон ҷилавгирӣ мекунанд ва Ҳилоли Аҳмар дар ин шароити сахт наметавонад кумакҳои ирсолӣ аз дигар кишварҳоро дарёфт кунад, як ҷинояти бесобиқа аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе, ҳамзамон бо Иди саиди мабъас, дар дидори ҷамъе аз вузаро, мудирони дастгоҳҳои иҷроӣ, масъулон ва бархе аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ афзуд, вазорати умури хориҷа ва ниҳодҳои ҳуқуқии Эрон бояд ин мавзӯро ба сурати қонунӣ пайгирӣ кунанд, ки чаро ҳатто эрониёни муқими хориҷ аз кишвар низ наметавонанд дар чунин ҳолатҳое кумакҳои худро ба ҳамватанонашон ба Эрон ирсол кунанд.

Дар ду ҳафтаи ахир сел бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эронро дар бар гирифта ва хисорати молӣ ва ҷонии фаровоне барҷой гузоштааст.

Амрико ҳисобҳои Ҳилоли Аҳмари Эронро масдуд ва бо ин иқдом амалан кумакрасонӣ аз кишварҳои дигар ба мардуми селзадаи Эронро мухтал кардааст.

 

Барчасп