Апрел 04, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти вазири хориҷаи Чин ба Зариф

Вазири хориҷаи Чин, рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷон бохтани теъдоде аз мардуми Эрон дар ҳодисаи сели рӯзҳои ахирро таслият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ванг Йи (Wang Yi) дар ин паём зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлату миллати Эрон ва хонаводаҳои ҷон бохтагон дар сели рӯзҳои ахир, барои маҷрӯҳони ин ҳодиса, орзӯи саломатӣ кард.

Вазири хориҷаи Чин ҳамчунин изҳор дошт, бовар дорад, ки бо дирояти давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон, мардуми манотиқи селзада қатъан дар муқобила бо фоҷиа фоиқ хоҳанд омад ва шаҳри худро бозсозӣ менамоянд.

Пештар низ бисёре аз сарон ва мақомоти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бо ирсоли паём ва ё дар тамосҳои телефонӣ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ карда буданд.

Бориши шадид ва камсобиқаи борон дар рӯзҳои ахир дар манотиқи мухталифи Эрон, боиси туғёни оби рӯдхонаҳо ва ҷори шудани сел шудааст.

Сели рӯзҳои ахир токунун мӯҷиби ҷон бохтани 62 нафар аз мардуми Эрон шуда ва хисоратҳои молии фаровоне барҷо гузоштааст.

Ҳамакнун масъулони кишварӣ, лашкарӣ ва мақомоти мухталифи низомии Эрон барои баррасии вазъият ва барномарезӣ дар манотиқи селзада ҳузур доранд.

Сукунати изтирории мардуми селзада аз ибтидои соатҳои аввалияи вуқӯи сел оғоз шудааст ва имдодрасонӣ бо имконоти давлат, сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, артиш ва басиҷ ба селзадагон ҳамчунон идома дорад.

Нирӯҳои довталаб низ ба манотиқи селзада эъзом шудаанд.

 

Барчасп