Вуруди ‏ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстонаи Олмон ба Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42888-Вуруди_ҳавопаймои_ҳомили_кумакҳои_башардӯстонаи_Олмон_ба_Теҳрон
Сафири Олмон дар Эрон аз вуруди ‏ҳавпаймои ҳомили кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар ба Эрон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 05, 2019 16:08 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ‏ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстонаи Олмон ба Теҳрон

Сафири Олмон дар Эрон аз вуруди ‏ҳавпаймои ҳомили кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар ба Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Майкл Клор-Бречтолд, сафири Олмон дар Эрон дар паёме дар сафҳаи твиттерии худ навишт, ҳавопаймои чартери ҳомили кумакҳои башардӯстонаи Олмон барои ҳодисадидагони сел дар Эрон, ки дар Берлин боргирӣ шуда буд, дар фурудгоҳи Теҳрон ба замин нишаст. Бречтолд афзуд, Салиби Сурхи Олмон 40 қаиқ ва таҷҳизоти эминӣ ба Ҳилоли Аҳмари Эрон мунтақил кард.

Сели ду ҳафтаи ахир дар бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эрон хисорати молию ҷонии фаровоне бар ҷой гузоштааст.