Апрел 08, 2019 16:59 Asia/Dushanbe
  • Баргузории кунгураи байналмилалӣ бо мавзӯи инқилоби исломии Эрон дар Маскав

Нахустин кунгураи байналмилалӣ бо мавзӯи “Инқилоби исломии Эрон, чашмандози даҳаи панҷум” бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Институти шарқшиносии Русия баргузор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ширкаткунандагон дар ин нишасти якрӯза мақолоти худро дар бораи чиҳилсолагии инқилоби исломии Эрон, нақш ва таъсири инқилоб дар минтақа ва ҷаҳон ва чашмандози даҳаи панҷуми инқилоб ироа карданд.

Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия дар оғози ин нишаст гуфт, инқилоби исломии Эрон на танҳо боиси тағйироти бунёдӣ дар Эрон, балки муҷиби таҳаввулоти асосӣ дар муодилоти минтақаӣ ва байналмилалӣ низ шуд.

Саноӣ ҷаҳонӣ буданро аз хусусиёти инқилоби исломӣ баршумурд ва афзуд, инқилоби исломии Эрон натиҷаи сад соли мубориза, озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ аст.

Сафири Эрон дар Русия номаи Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Михаил Горбачев, охирин раиси Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва низ таваҷҷуҳ додани ҷаҳон ба мавзӯи Фаластинро аз ҷумлаи дастовардҳои инқилоби исломии Эрон унвон кард ва гуфт, инқилоби Эрон як воқеият аст ва онҳое, ки мегуфтанд инқилоби Эрон 40 солагии худро нахоҳад дид, аз моҳияти инқилоб бехабаранд.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

 

Барчасп