Апрел 09, 2019 12:51 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар сездаҳумин ҷашни рӯзи милии фановарии ҳастаӣ аз 114 тарҳу дастоварди ҳастаии Эрон рунамоӣ кард.

Нуҳуми апрел ба поси қадрдонӣ аз талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаии Эрон ва такмили чархаи сухти ҳастӣ "рӯзм милии фанноварии ҳастаӣ" дар Эрон номгузорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе дар сездаҳумин солрӯзи милии фанноварии ҳастаии Эрон аз чаҳор тарҳ шомили насби занҷираи 20 мошини сантирифиюжҳои пешрафтаи IR6, ифтитоҳ ва баҳрабардории чархаи аввали маркази милии фанноварии халаи Эрон, ифтитоҳ ва баҳрабардории маркази мудирияти пасмондҳои ғанисозӣ ва роҳандозӣ ва баҳрабардории шитобдиҳандаи электрони хатии пизишкии бумии 6MV, ба сурати видео-конфронс рунамоӣ кард.

Ҳамчунин дар идома аз тарҳҳои системи консулии сомонаи санҷиши фарояндӣ, сомонаи кувантом технологӣ ё дарҳам танидагии кувантомӣ, сантирифиюжи зунал пайваста дорои корбурд дар ҳавзаи саломат, дастгоҳи FTIR, як маҳсул дар ҳавзаи тавлиди радиодору ва аз намунаи оксижени 18 рунамоӣ шуд.

Дигар тарҳҳо низ бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон ва ҷамъе аз вазирон ва мақомоти кишварӣ ва лашкарии Эрон дар сездаҳумин солрӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дар Теҳрон рунамоӣ шуд.

Саноъати ҳастаии Эрон таи солҳои ахир, раванди ру ба рушде доштааст ба тавре, ки дастовардҳои ироа шуда дар маросимҳои рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ ҳар сол афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп