Апрел 09, 2019 16:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрико мехоҳад бо террорист номидани Сипоҳ шикасти худро ҷуброн кунад

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки Сипоҳи посдорон терроризмро дар минтақа решакан кард, гуфт, истикбори ҷаҳонӣ ва Амрико мехоҳад кина ва шикасти худ алайҳ миллати Эронро бо террорист хондани Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ҷуброн кунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро дар листи гурӯҳҳои террористии Амрико қарор додааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар маросими солрӯзи миллии фанноварии ҳастаии Эрон ва рӯнамоӣ аз 114 дастоварди ҷадиди донишмандони эронӣ дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки аз имрӯз маҳбубияти Сипоҳ аз ҳар замони дигар дар қалби миллати Эрон ва минтақа бештар хоҳад буд, афзуд, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ мавриди кина ва ғазаби Амрико ва саҳюнистҳост, зеро ҳамвора дар канори мардуми минтақа ва парчамдори бузурги муқовимат будааст.

Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки ҳеҷ кас дар дунё ва ҳеҷ миллате наметавонад иддао кунад, ки бештар аз миллати Эрон қурбонии терроризм будааст, гуфт, миллати Эрон қурбонии терроризме аст, ки ба дасти абарқудратҳо сохта ва ҳимоят шудааст. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба кумакҳои мусташории Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқ ва Сурия бинобар дархости расмии давлатҳои ин кишварҳо тасреҳ кард, террористҳои минтақа тавассути Амрико ҳимоят ва ташвиқ мешаванд ва ҳанӯз ҳам ин кишвар ҳозир нест, алайҳи ДИИШ биҷангад ва ба сарони ин гурӯҳи террористӣ паноҳ медиҳад. Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, Амрико дар ҳоле ниҳодҳои инқилобии ҷаҳонро террорист хитоб мекунад, ки дар раъси террористҳои ҷаҳон қарор дорад.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки таҳримҳо наметавонанд ҷилави пешрафти миллати Эронро бигирад, гуфт, миллати Эрон бо вуҷуди таҳримҳо ба мушакҳо ва силоҳҳое даст ёфт, ки дар фикри мақомоти Амрико намеғунҷад.

 

Барчасп