Апрел 10, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакҳои башардӯстонаи Покистон ба селзадагони Эрон

Аввалин маҳмулаи кӯмакҳои башардӯстонаи Покистон ба селзадагон роҳии Эрон шуд.

Сафири Эрон дар Покистон Маҳдии Ҳунардӯст гуфт: Як ҳавопаймои ҳомили кӯмакҳои башардӯстонаи Покистон рӯзи чоршанбе роҳии Эрон шуд ва қарор аст маҳмулаи дуввум фардо (панҷшанбе) ирсол шавад.

Ҳунардӯст афзуд: Маҳмулаи кӯмакҳои башардӯстонаи Покистон ба манзури кӯмак ба селзадагони эронӣ ба вазнит 32 тонна ва шомили 50 чодар, 2500 адад рӯпуши гарм ва бастаҳои кӯмакҳои аввалия аст.

Давлати Покистон рӯзи сешанбе далели таъхир дар ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба селзадагони эрониро коршиканӣ ва зиддияти Амрико бо Теҳрон эълом кард. 

Барчасп