Зариф: Иқдоми аҳмақонаи амрикоиҳо зидди сипоҳ Эронро муттаҳидтар кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42982-Зариф_Иқдоми_аҳмақонаи_амрикоиҳо_зидди_сипоҳ_Эронро_муттаҳидтар_кард
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, иқдоми аҳмақонаи амрикоиҳо зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, сабаби иттиҳод ва ҳамдилии эрониён шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 10, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Иқдоми аҳмақонаи амрикоиҳо зидди сипоҳ Эронро муттаҳидтар кард

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, иқдоми аҳмақонаи амрикоиҳо зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, сабаби иттиҳод ва ҳамдилии эрониён шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи дидор бо фармондеҳони олирутбаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симо афзуд, иқдоми хандадор ва музҳики амрикоиҳо зидди Сипоҳи посдорон, нишонгари истисоли сиёсатҳои онҳо дар минтақа аст.

Зариф бо баёни ин ки Сипоҳи посдорон дар ҳимоят аз мазлумони минтақа пешқадам аст, изҳор дошт, ҳамин мавзуъ далели асабонияти сиёсатмадорони амрикоӣ аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва муовинони ин вазоратхона имрӯз (чаҳоршанбе) бо фармондеҳони олирутбаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Давлати Амрико рӯзи душанбе дар идомаи иқдомоти зиддиэронӣ ва сиёсати фишор бар нерӯҳое, ки аз тариқи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, Вашингтонро дар пешбурди аҳдофаш дар минтақа ноком гузоштаанд, тарҳи изофа кардани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба феҳристи созмонҳои истилоҳан “террористӣ” -и худро эълом кард.

Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, нерӯҳои низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё (СЕНТКОМ) ва тамоми нерӯҳои вобаста ба онро “гурӯҳи террористӣ” муаррифӣ кард.