Апрел 11, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Вуруди маҳмулаи кумакҳои СММ ба Теҳрон

Маҳмулаи кумакҳои Камиссари олии паноҳандагони СММ барои селзадагони Эрон вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, маҳмулаи кумакҳои Камиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид шомили ҳазор чодар ва дигар ақломи рифоҳӣ аст ва қарор аст, бо ҳамоҳангии давлати Эрон дар байни осебдидагон аз ҷумла паноҳандагон дар Эрон тавзеъ шавад.

Рӯзи чаҳоршанбе Огочи Дэниелс, намояндаи вижаи СММ барои боздид аз манотиқи селзада ва баррасии хисоратҳои ворида ба устони Луристон вориди Хуррамобод дар ғарби Эрон шуд.

Боришҳои бесобиқаи ахир ва ҷорӣ шудани сел дар бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эрони хисорати молӣ ва ҷонии фаровон барҷо гузошт, Созмони пизишки қонунии Эрон шумори ҷонбохтагонро 70 нафар эълом кардааст.

 

Барчасп