Апрел 11, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди барномаи сафари нахуствазири Покистон ба Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон барномаи сафари расмии ояндаи Имрон Хон, нахуствазири ин кишвар ба Эронро таъйид кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Файсал рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии ҳафтагии худ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар Исломобод гуфт, сафари расмии Имрон Хон ба Эрон дар дастури кор аст ва ҷузъиёти ниҳоӣ дар ин хусус ба зуддӣ эълом хоҳад шуд.

Бархе аз расонаҳои покистонӣ рӯзҳои ахир аз такопӯи давлати ин кишвар ҷиҳати ниҳоӣ кардани сафари Имрон Хон ба Теҳрон хабар додаанд.

Як манбаи огоҳ дар вазорати умури хориҷаи Покистон низ зимни таъйиди ин хабар, гуфт, сафари нахуствазири Покистон ба Теҳрон ба тавофуқи ду кишвар расида ва таърихи он ба зуддӣ ниҳоӣ ва эълом хоҳад шуд.

 

Барчасп