Кумаки башардӯстонаи поп ба селзадагони Эрон
Раҳбари католикҳои ҷаҳон барои селзадагон дар Эрон кумаки нақдӣ ирсол кардааст.
Ба гузориши “Форс”, поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон 100 ҳазор евро кумаки нақдӣ барои селзадагон дар Эрон ирсол кард, ки бо кумаки Сафорати Ватикан дар Теҳрон тақсим хоҳад шуд.
Ин кумаки башардӯстона дар амалиёти имдод ва хадамот ба мардум мавриди истифода қарор мегирад.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон пештар низ зимни ибрози ҳамдардӣ бо селзадагон дар Эрон, бо ирсоли паёме фоҷеаи селро ба бозмондагон ва қурбониён таслият гуфт.
Боришҳои бесобиқа дар се ҳафтаи ахир ва ҷорӣ шудани сел дар бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эрон хисорати молӣ ва ҷонии фаровон барҷо гузошт.
Созмони пизишкии қонунии Эрон шумори ҷонбохтагонро 70 нафар эълом кардааст.