Апрел 15, 2019 15:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Бархе сарони кишварҳои исломӣ навкари Амрико ва саҳюнистҳо ҳастанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар дидори ширкаткунандагон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим гуфтанд, бархе сарони кишварҳои исломӣ ба дастуроти қуръонӣ амал намекунанд ва навкару дунболарави Амрико ва саҳюнистҳо ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки амал ба Қуръон заминасози иззат, рифоҳ, пешрафт, қудрат, инсиҷом, сабки зиндагии ширин дар дунё ва таъминкунандаи саодати охират аст, хотирнишон карданд, бархе сарони кишварҳои исломӣ заминасози ихтилофҳо ва ҷангҳое ҳамчун ҷанги Сурия, Яман ва куштори мардуми мусалмон шудаанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки бисёре аз мушкилот ва гирифториҳои уммати исломӣ ва башарият ба иллати амал накардан ба маорифи қуръонӣ аст, афзуданд: Имрӯз ба лутфи илоҳӣ дар ҷумҳурии исломӣ иқболи мардум, бавижа ҷавонон ба маорифи қуръонӣ ва чанг задан ба ин маориф рӯз ба рӯз дар ҳоли густариш аст ва ҳамин тамассук (чанг задан) ба Қуръон мояи саодат, қувват ва иззати низоми исломӣ хоҳад буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ лозимаи амал ба Қуръонро ёди Худованд ва тақвои илоҳӣ донистанд ва бо ишора ба шуҳадо ба унвони инсонҳое, ки дар мартабаи олии тақво қарор доранд, гуфтанд: Шуҳадои мо дарсҳои зиёдеро ба миллати Эрон доданд, ки намунаи боризи он падидаи камназири ҳаракати азими мардумӣ барои кумак ба манотиқи селзада аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба душманиҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карданд, агарчӣ душманиҳо ва ҳаҷму шиддати он бештар аз гузашта ба назар мерасад, аммо ин иқдомот ва тавтеаҳо нафасҳои охири душмании душманон бо ҷумҳурии исломӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, ҳарчӣ душманон нисбат ба миллати Эрон шиддати амали бештаре ба харҷ диҳанд ва сахттар бигиранд ва ҳарчӣ аз пойбандии миллат Эрон ба маорифи қуръонӣ асабонӣ шаванд, аммо ин миллат дар муқобил қавитар ва қудратмандтар хоҳад шуд ва тамассуки худро ба Қуръон бештар хоҳад кард.

 

Барчасп