Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Кохи Сафед аз Эрон асабонӣ аст
(last modified Fri, 19 Apr 2019 12:27:38 GMT )
Апрел 19, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Кохи Сафед аз Эрон асабонӣ аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, пирӯзии меҳвари муқовимат дар баробари гурӯҳҳои террористӣ ва шикасти сиёсатҳои Амрико дар минтақа далели асабонияти Кохи Сафед аз Эрон аст.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба иқдоми Амрико дар гунҷондани номи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳрасти гурӯҳҳои террористии ин кишвар афзуд, Эрон бо шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ сиёсатҳои минтақаии Амрикоро зери суол бурдааст. Сиддиқӣ бо интиқод аз иқдоми Амрико дар ҷилавгирӣ аз ирсоли кумаки дигар кишварҳо барои силзадагони Эрон тасреҳ кард, ин иқдоми Амрико бори дигар душмании Вашингтон бо мардуми Эронро ошкор кард. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо баёни ин ки бархе кишварҳои аврупоӣ дар разолат монанди амрикоиҳо ҳастанд, афзуд, аврупоиҳо дар мавоқеи сахте Эронро танҳо мегузоранд, аз ин рӯ, бояд дар баробари иқдомҳои аврупоиҳо ҳушёр буд. Сиддиқӣ бо баёни ин ки иқдомҳои зиддиэронии Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ, монанди Фаронса натиҷае барои онон нахоҳад дошт, таъкид кард, Инқилоби Исломии Эрон бо боландагӣ, пӯёӣ ва иқтидор аз ин марҳала ҳам бо муваффақият убур хоҳад кард ва бори дигар душманонро лагадмол мекунад.

Намозгузорони Теҳрон пеш аз иқомаи намози ҷумъа бо сар додани шиорҳо сиёсатҳои зиддиинсонии Амрикоро маҳкум карданд.

 

Барчасп