Оғози Ҷашнвораи байналмилалии ғизои ЭКО дар Эрон
Панҷумин Ҷашнвораи байналмилалии ғизои ЭКО – Ҷодаи Абрешим бо ҳузури намояндагоне аз 15 кишвари ҷаҳон, намояндагони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва забардасттарин ошпазҳои кишварҳои узв дар устони Занҷон дар шимолу ғарби Эрон оғоз ба кор кард.
Ба гузориши ИРНА, дар маросими ифтитоҳи ин ҷашнвораи байналмилалӣ сафирони Юнон, Хорватия, Индонезия, Австрия, Қазоқистон ва Туркманистон ва дипломатҳои Тоҷикистон, Индонезия, Туркманистон, Туркия, Афғонистон, Умон ва низ намояндагони тиҷории сафорати Русия, муовинони раиси ЭКО ва намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳузур доштанд.
Дар панҷумин Ҷашнвораи байналмилалии ғизои ЭКО – Ҷодаи Абрешим, ошпазҳои кишварҳои узви ЭКО ва Ҷодаи Абрешим дар муддати чаҳор рӯз ғизоҳои бумии минтақаи худро арза мекунанд. Ин ҷашнвора то 21-уми апрел дар маҳалли доимии намоишгоҳи байналмилалии Касрияни Занҷон идома дорад.Баҳо додан ба фарҳангу одоб ва русум, муаррифии ғизоҳои кишварҳои узви ЭКО ва Ҷодаи Абрешим ва эҷоди иртиботи мутақобили фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва табодули гардишгарии байни шаҳрвандони кишварҳои минтақа аз аҳдофи умдаи баргузории Ҷашнвораи ғизои ЭКО – Ҷодаи Абрешим аст.