Апрел 20, 2019 13:37 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз 6 дастоварди нерӯи заминии артиши Эрон

Тозатарин дастовардҳои дифоъии нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз шанбе рӯнамоӣ шуд.

Дар маросиме бо ҳузури  амир сартип  Нузар Неъматӣ  ҷонишини фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон аз шаш дастоварди нави дифоии ин нерӯ рӯнамоӣ шуд.

Мулти ротори бомбафкани ҳушманд, парандаи шикорчии турпарон, поди ҳушманди заминӣ, тайфсанҷи атомии пласма, сомонаи ҳушдордиҳандаи лазерии маҳмул тавассути нафар, дастовардҳои рӯнамоишуда тавассути Созмони таҳқиқот ва ҷиҳоди худкифоии нерӯи заминии артиши Эрон дар ин маросим аст.

Пештар амир сартип Киюмарс Ҳайдари  фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, тамоми таҷҳизоти нерӯи заминии артиши Эрон бо такия бар тавони мутахассисони эронӣ тавлид мешавад.

 

Барчасп