Боздиди Руҳонӣ аз минтақаҳои селзадаи ғарби Эрон
Раиси ҷумҳурии Эрон бо ҳузур дар устони Луристон дар ғарби Эрон зимни боздид аз ин минтақаи селзада, бар зарурати гирифтани иқдомҳои лозим дар ҷиҳати бозгашти ҳарчӣ зудтари раванди зиндагии оддӣ ба ин минтақа таъкид кард.
Ҳасани Руҳонӣ рӯзи шанбе билофосила пас аз ширкат дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангии мудирияти буҳрони устони Луристон озими минтақаҳои селзадаи шаҳристони Пули духтар шуд ва аз ин минтақа, ки дар асари сел ва обгирифтагӣ дучори хасорат шуда боздид кард.
Мардуми Пули духтар низ зимни қадрдонӣ ва истиқбол аз кумаки ҳамватанони худ ва хидматрасониҳои шабонарӯзии давлат ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои имдодрасонӣ рафъи обгирӣ ва лойи ноши аз сел аз маъобир ва манозили маскунӣ, дар гуфтугӯи самимона бо Руҳонӣ, мушкилоти худро матраҳ карданд ва раиси ҷумҳурии Эрон низ дастуроти лозимро барои ҳалли мушкилоти онон содир кард.
Раиси ҷумҳурии Эрон пеш аз ин дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангии мудирияти буҳрони устони Луристон, ҳифзи ҳарими рӯдхонаҳо ва сохти сад дар маконҳои муносиб барои пешгирӣ ва коҳиши хасорати селро зарӯри хонд ва таъкид кард; Ҳилоли Аҳмар, уржонс, масъулини иҷроӣ, сипоҳ, артиш, басиҷ ва нерӯи интизомии Эрон кори бузург ва фидокорона анҷом додаанд.
Рӯҳонӣ афзуд; пешгирӣ аз шуюъи бемориҳои сироятӣ дар минтақаҳои селзадаи Эрон муҷиби тааҷуб ва ҳайрати Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ шудааст.
Раиси ҷумҳурии Эрон имруз ҳамчунин ба манзури боздид аз раванди имдодрасонӣ ба селзадагон дар устонҳои Илом ва Хузистон ба ин манотиқ сафар кард.
Боришҳои бесобиқаи ахир ва ҷорӣ шудани сел дар бархе аз минтақаҳои шимол, ғарб ва ҷануби Эрон хасорати молӣ ва ҷонии фаровон барҷо гузошт; Созмони пизишкии қонунии Эрон шумори ҷонбохтагонро 76 нафар эълом кардааст.