Тақсими кумакҳои Эрон ба селзадагон дар Афғонистон
(last modified Sat, 08 Jun 2024 07:44:13 GMT )
Июн 08, 2024 12:44 Asia/Dushanbe
  • Тақсими кумакҳои Эрон ба селзадагон дар Афғонистон

Кумакҳои ирсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои селзадагон Афғонистон тақсим шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селҳои вайронгар дар се ҳафтаи гузашта мӯҷиби ҷон бохтани садҳо тан ва харобии ҳазорон хона дар рустоҳои вилоятҳои шимолии Афғонистон шудааст.

 Ҳамчунин 21 шаҳристон дар вилоятҳои Бадахшон, Бағлон ва Тахор дар шимолу шарқи Афғонистон шоҳиди селоб будаанд.

 Ба гузориши ИРНА,масъулони ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамоҳангӣ бо идороти марбута дар вилояти Бағлон Афғонистон кумакҳои ирсолӣ аз Эронро миёни ҷамъе аз селзадагон тақсим карданд.

 Селзадагон бо истиқбол аз кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҳукумати Толибон ва дигар ниҳодҳои кумакрасон хостанд, то дар бахши сохти сарпаноҳ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ бо онон ҳамкорӣ кунанд.

Пеш аз ин низ мақомоти ҳукумати Толибони Афғонистон аз кумакҳои Эрон ба селздагони ин кишвар қадрдонӣ карданд.

 Самеъуллоҳ Аҳмадзай-коршиноси масоили Афғонистон дар бораи кумак ба селзадагони ахири Афғонистон гуфт: Созмонҳо ва муассисоти ҷаҳонӣ кумакҳои чандоне накарданд; дар айни ҳол кишварҳои ҳамҷвор аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тариқи Ҳилоли аҳмар ва ниҳодҳои фаъол ба Афғонистон кумак гусел доштанд.

  Аҳмадзай афзуд, таҳримҳои золимонаи Амрико дар заминаи молӣ ва банкӣ монеъи ирсоли кумакҳои мардумӣ ба Афғонистон шудааст ва аз сӯе забти амволи мардуми Афғонистон тавассути Амрико низ дасти ҳукумати сарпарастро барои расидагии ҳарчи беҳтар ба мардум баста нигаҳ доштааст.

 Барномаи ҷаҳонии ғизо эълом кард барои кумак ба селобздагони Афғонистон 14.5 миллион доллар ниёз аст.

 Барномаи ҷаҳонии ғизо афзудааст, ки ин миқдор пул танҳо барои тақсими кумаки ғизои тайи ҳафт моҳи оянда кофӣ хоҳад буд.