Апрел 23, 2019 11:17 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи сию дуввумин  намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон

Сию дуввумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон имрӯз (сешанбе) дар мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) Теҳрон ифтитоҳ шуд.

Муҳсен Ҷаводӣ раиси сию дуввумин намоишгоҳи байнамиллалии китоби Теҳрон дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ, ки вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон,  вазири фарҳанги Чин, сафирон ва намояндагони фарҳангии кишварҳои мухталиф ҳузур доштанд гуфт, намоишгоҳи китоб гоме барои таҳкими дустии пойдори Эрон бо миллатҳои ҷаҳон аст.

Ҷаводӣ шиори сию дуввумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳронро "хондан тавонистан аст" эълом кард ва афзуд, ду ҳазору 400 ношири эронӣ ва 800 ношири хориҷӣ дар ин давра осори худро ба мухотабон ироа медиҳанд.

Раиси сию дуввумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон бо баёни инки аз тариқи ин намоишгоҳ метавон пайванди амиқ миёни давлатҳо ва миллатҳо таҳким кард гуфт, ҳузури Чин ба унвони меҳмони вижаи намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон  метавонад нишоне аз эҳёи Ҷоддаи Абрешим аз ҷониби китобхонӣ бошад.

Сию дуввумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон бо шиори "хондан тавонистан аст" аз 24 апрел то чаҳоруми май дар мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор мешавад.