Апрел 23, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷунайдӣ: Эрон дар Девони байналмиллалии додгустарӣ тахаллуфи Амрикоро пайгирӣ мекунад

Муовини ҳуқуқии раиси ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Теҳрон бо тарҳи додхосте дар Девони байналмиллалии додгустарӣ, тахаллуфи Амрико дар пешгирӣ аз расидани кумакҳои нақдӣ ба осибдидагон аз сел дар Эронро пайгирӣ мекунад.

Дар паи селобҳои ахир дар Эрон, Амрико ҳисобҳои Ҳилоли Аҳмарро масдуд ва бо ин иқдом амалан кумакрасонӣ аз кишварҳои дигар ба мардуми селзадаи Эронро мухтал кард.

Лаъё Ҷунайдӣ муовини ҳуқуқии раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба инки бар асоси дастури муваққати Девони байналмиллалии додгустарӣ, Амрико наметавонад дар масоили марбут ба ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, ақломи кишоварзӣ ва қатъаҳо ва хадамоти ҳавоӣ ва куллияи амалиёти бонкии марбут ба онҳо монеътарошӣ кунад таъкид кард, ин иқдоми Амрико илова бар инки нақзи қавоиди ҳуқуқи байналмиллал аст ба сурати ошкор дастури муваққати девонро нақз кардааст.

Муовини ҳуқуқии раиси ҷумҳури Эрон афзуд хисоратҳои марбут ба ин иқдоми Амрико дар додхости куллӣ дар Девони байналмиллалии додгустарӣ матраҳ мешавад.

Девони байналмиллалии додгустарӣ севвуми октябри 2018 бо эъломи инки салоҳияти расидагӣ ба шикояти Эрон аз Амрико ба сабаби нақзи аҳдномаи маваддат ва равобити иқтисодӣ ва ҳуқуқи консулии соли 1955 байни ду кишварро дорад, раъй ба бекор кардани таҳримҳои доруӣ, ғизоӣ, башардустона ва ҳавоии Амрико алайҳи Эрон дод.

 

Барчасп