Апрел 24, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тавтеаҳои Амрико зидди миллати Эрон бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, амрикоиҳо тайи 40 соли гузашта ҳар рӯз тавтеаи ҷадиде зидди миллати Эрон иҷро кардаанд, ки ҳамвора бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат, бо таъкид бар ин ки Амрико то ба имрӯз дар саҳнаи байналмилалӣ, минтақаӣ, сиёсӣ ва таблиғотӣ дар иқдомоти худ зидди Эрон номувафақ будааст, гуфт, миллати Эрон дар баробари иқдомоти ғайриқонунии Амрико,истодагӣ ва муқовимат хоҳад кард.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон, Амрикоро аз иқдомоти ғайриқонунӣ ва золимонаи худ пушаймон мекунад, афзуд: Ба мутаҷовизе, ки мехоҳад қадам ба қадам миллати Эронро таҳти фишор қарор диҳад, бояд фаҳмонанд, ки масири ғалат ва нодурустеро интихоб кардааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ба сифр расонидани содироти нафти Эрон имконпазир нест, изҳор дошт, Эрон ба равишҳои мухталиф нафти худро ба фурӯш хоҳад расонд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳамроҳии бархе кишварҳои минтақа бо Амрико дар лағви муофиятҳои фурӯши нафти Эрон афзуд, Арабистон ва Иморот бидонанд, ки вуҷуд ва бақояшон дар сояи тасмими хирадмандонаи Эрон аст, зеро агар иқдоми ҷумҳурии исломӣ набуд, Саддом, диктатори маъдуми режими баъси Ироқ Риёзу Абудабиро ишғол мекард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба равобити хуби Теҳрон бо аксари ҳамсоягони худ низ ишора кард ва гуфт, бархе аз кишварҳои ҳамсоя, ки Амрикоро дар таҳаққуқи аҳдофи зиддиэронии худ ҳамроҳӣ мекунанд, бидонанд, даврони Трамп ба поён хоҳад расид ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мондагор аст.

 

 

Барчасп