Май 01, 2019 20:50 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Зариф бо вазирони умури хориҷаи Туркия, Қатар ва Шри-Ланка

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё дар Доҳа, ба сурати ҷудогона бо вазирони умури хориҷаи Туркия, Қатар ва Шри –Ланка дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидорҳои ҷудогона бо Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия ва Муҳаммад бин Абдурраҳмон бин Ҷосим оли Сони, вазири хориҷаи Қатар, дар хусуси равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард.

Зариф ҳамчунин дар дидори Тилак Марапана, вазири умури хориҷаи Шри-Ланка, бо маҳкумияти ҳамлаи террористии ахир дар ин кишвар, терроризмро мушкили ҷаҳонӣ хонд ва бар омодагии Эрон барои ҳамкорӣ дар решакании он таъкид кард.

Равобити дуҷониба, бавижа дар масоили иқтисодӣ аз дигар меҳвари гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Шри-Ланка буд.

Зариф рӯзи сешанбе барои ширкат дар шонздаҳумин иҷлоси вузарои хориҷаи Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё ба Доҳа сафар кард.

Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё июни 2002 бо ҳадафи кумак ба тавсеаи иқтисодӣ ва фароҳамсозии бистарҳои расидан ба сулҳи пойдор аз тариқи гуфтугӯ ва таомули дарунминтақаӣ таъсис шуд.

Дар ҳоли ҳозир 34 кишвар узви ин маҷмаъ ҳастанд.

 

Барчасп