Май 07, 2019 16:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози шумориши маъкус барои азсаргирии бахше аз фаъолиятҳои ҳастаии мутаваққифшуда дар БарҶом

Эрон дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоташон, дар нахустин гом, бахше аз фаъолиятҳои ҳастаии худро, ки дар чорчӯби БарҶом мутаваққиф шуда буд, азсар мегирад.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе изҳор дошт, иқдомоти мутақобили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бадаҳдии кишварҳои аврупоӣ дар иҷрои тааҳҳудоташон, рӯзи чаҳоршанбе, ҳаштуми май (солгарди хуруҷи Амрико аз БарҶом) эълом мешавад.

Ироқчӣ бо таъкид бар ин ки феълан мавзӯи хуруҷи Теҳрон аз БарҶом матраҳ нест, афзуд, барномаҳои пешбинишудаи Эрон дар чорчӯби банди 36 БарҶом хоҳад буд, ба тавре, ки бархе тааҳҳудоти Теҳрон дар ин тавофуқ коҳиш меёбад. Бар асоси банди 36 БарҶом, Эрон метавонад дар мавоқеи бозгашти таҳримҳо, бархе аз тааҳҳудоти худро коҳиш диҳад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи соли 2018 бо эъломи хуруҷ аз БарҶом, таҳримҳоеро, ки ба воситаи БарҶом таълиқ шуда буд, дар бозаи замонии чаҳор ва шашмоҳа бозгардонд.

Давлати Амрико ҳамчунин дар иқдоми дигаре, зимни эъломи лағви бахше аз муофиятҳои марбут ба ҳамкории ҳастаӣ бо Эрон, аз талоши Вашингтон барои эъмоли маҳдудиятҳои ҷадид алайҳи фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон хабар дод.

Дар баёнияе, ки ба ҳамин манзур дар сайти Вазорати хориҷаи Амрико қарор гирифта, омадааст: “Аз таърихи чаҳоруми моҳи май ҳар гуна кумак ба тавсеаи нерӯгоҳи атомии Бушеҳр фаротар аз воҳиди реактории кунунӣ метавонад машмули таҳрим шавад. Илова бар ин, ҳар гуна ҳамкорӣ дар заминаи интиқоли ураниуми ғанишуда (мозод) –и Эрон ба хориҷ аз кишвар дар ивази дарёфти ураниуми табиӣ низ қобили таҳрим хоҳад буд”.

Амрико бо судури ин баёния, амалан кишварҳои боқимонда дар тавофуқи ҳастаиро аз иҷрои бандҳои ин тавофуқ, азҷумла тасҳили интиқоли оби сангини мозод, мубодилаи ураниуми ғанишуда бо кейки зард ва ҳамчунин ҳамкории Русия дар заминаи тавсеаи нерӯгоҳи Бушеҳр манъ кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар чорчӯби мафоди БарҶом ҳуқуқи машрӯи Эрон дар мавзӯи ҳастаӣ ва бо назорати Ожонси Байналмилалии энержии атомӣ мавриди таъйиди Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амният қарор гирифтааст.

Иттиҳоди Аврупо, Чин ва Русия ба унвони дигар аъзои БарҶом, баъд аз хуруҷи Амрико аз БарҶом аз Эрон хостанд то роҳи Амрикоро дар пеш нагирад ва ҳамаи тарафҳо талош кунанд роҳе барои идомаи иҷрои БарҶом ба ҷуз Амрико биёбанд. Эрон ин дархостро пазируфт, машрут ба он ки манофеи Эрон аз БарҶом ҳифз ва таъмин шавад. Дар ин чорчӯб Эрон ва се кишвари аврупоӣ (Британия, Фаронса ва Олмон) ба чорчӯбе таҳти унвони “созукори вижаи молӣ” (SPV) даст ёфтанд. Аммо шароити лозим барои иҷрои комили ин созукори молӣ ҳанӯз иҷро нашудааст.

Саид Ҷалилӣ, узви ҳайати назорат бар БарҶом дар ин замина мегӯяд, тибқи банди 36 БарҶом, дар сурати адами пойбандии тарафи муқобил ба тааҳҳудот, ҳаққи Эрон аст, ки таваққуфи куллӣ ё ҷузъӣ ба тааҳҳудоти худ бидиҳад. Ин ҳақ бояд тасбит ва ба тарафи аврупоӣ тафҳим шавад.

Дар ҳамин иртибот, нишасти коршиносии Эрон, се кишвари аврупоӣ (Олмон, Англия ва Фаронса) ва Иттиҳоди Аврупо имрӯз (сешанбе) дар Брюссел баргузор хоҳад шуд. Дар ин нишаст Пер Фишер, мудири созукори вижаи молии Аврупо ва Эрон ва ниҳоди мутанозири эронии он “созукори вижаи тиҷорат ва таъмини молии Эрон ва Аврупо” ҳузур доранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб дар аввалин рӯзи соли нав дар иҷтимои пуршӯри анбуҳи зоирон ва муҷовирони ҳарами Разавӣ эҷоди канали молӣ миёни Эрон ва Аврупоро бештар шабеҳи як шӯхии талх донистанд, ки ҳеҷ маъное надорад.